Садамаи мошини сӯхтбар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби баста шудани роҳ гардид
Чоп шуд: 06/03/2023 | redaktor5 – уми марти соли 2023 тахминан соати 13:33 дар километри 114-115 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ убур мекунад, садамаи мошин ба қайд гирифта шуд.
Як мошини сӯхтбар ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар роҳ чаппа шуд. Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Ин мошини пур аз гази моеъ сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ шуд.