Садамаи мошини сӯхтбар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби баста шудани роҳ гардид

5 – уми марти соли 2023 тахминан соати 13:33 дар километри 114-115 роҳи мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, ки аз деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ убур мекунад, садамаи мошин ба қайд гирифта шуд.

Як мошини сӯхтбар ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар роҳ чаппа шуд. Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Ин мошини пур аз гази моеъ сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ шуд.

Дар ҳодиса ронанда зарар надид. 

Барои бартараф кардани паёмадҳои ин садама ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Кумита дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон фиристода шуд ва онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба корҳои наҷот оғоз карданд. 

Соати 21:50 дақиқа газ аз ин мошин ба мошини дигар рехта шуд ва хатари эҳтимолияти таркиш бартараф гардид. Роҳ барои ҳаракати мошинҳо боз шуд. 

Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта имдодгарони КҲФ як дари оҳании бастаи як сокини шаҳри Душанберо боз карданд.

Хатари як шохаи шикастаи дарахтро дар як мактаби таҳсилоти умумӣ дар пойтахт бартараф намуданд. 

барчасп: