Зарари заминларза: 68 сар чорво ба ҳалокат расида, 3 нафар ҷароҳати сабук бардоштанд. Дар Рашту Нуробод 38 хона қисман зарар дидаанд

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 23-уми марти соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Заминларзаи аввал нимишабӣ, соати 01:07 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 6-7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 5-6, дар ноҳияи Рашт 4-5 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балл буд.

Заминларзаи дуюм дар умқи 40 километр дар соати 07,53 дақиқаи вақти  маҳаллӣ рух дод ва қувваи он дар марказаш 4,8, дар шаҳри Душанбе 1-2 ва дар ноҳияи Рашт 2 балро ташкил дод. 

Бино ба маълумоти пешакӣ дар маконҳои заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Се нафар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷароҳатҳои сабук бардоштанд, ки 2 нафарашон мардон ва яке аз онҳо зан буд.

14 сар чорвои калон, 52 гӯсфанд ва 2 асп ба ҳалокат расиданд. 

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҷумҳуриявӣ созмон дода шуд, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода сарварӣ мекунад.

Ин комиссияи то кунун ҳаҷми зарари расидаро муайян кард. 

Дар натиҷаи заминларзаи ахир 27 хонаи истиқоматӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ҷамоати деҳоти Такобаи ноҳияи Рашт қисман зарар диданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод заминларза сабаби зарари ҷиддӣ дидани ду хонаи истиқоматӣ шудааст, 10 хона ва як муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои мақомоти идории ҳокимияти давлатӣ қисман зарар дидаанд. 

Дар деҳаи Фаркинги ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор як хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. 

Ҳаҷми зарари расида ба манзили зисти сокинон аз ҷониби комиссяи ҷумҳуриявӣ ва ноҳияҳо дақиқ карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи зарарҳои ин офат дар наздиктарин фурсат ироа хоҳад шуд.

барчасп: