Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва боришот дар рӯзҳои баъдӣ то 16-уми марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе - Дарвоз - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари бештари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз аҳоли хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳи кӯҳӣ, бахусус сафар ба минтақаҳои тармазо худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар ба миён омад, хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.
КҲФ ба ронандгон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи ағбаҳо, минтақаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарист!
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад ва аз онҳо бо эҳтиром хоҳиш менамояд дар чунин рӯзҳо аз шикору моҳидорӣ ва корҳои дигаре, ки вобаста ба кӯҳу даман, соҳили рӯдхонаҳо мебошад, худдорӣ кунанд.
ЭҲТИЁТ КУНЕД! ҲАЁТИ ХУДРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!!!