Наҷоти як марди 42-солаи сокини Кӯлоб, ки дар рӯди “Душанбе” дар ҳоли мастӣ моҳидорӣ мекард

12 марти соли 2023 соати 17:03 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар як ҷазиранамои рӯди “Душанбе”, ки аз қаламрави маҷмааи “Шарқи озод” мегузарад, шахсе намудор аст. Маълум набуд, ки ӯ кист ва дар он ҷазираи хурдакак чӣ гуна афтода.

Дстаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд. 

Ин даста ба макони ҳодиса расида, маълум кард, ки шахси миёни обмонда як сокини 42-солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, дар ҳоли мастӣ моҳидорӣ омадааст ва баногаҳ  ба дарё сарозер шудааст. Мавҷи пурталотум ӯро ба самти ин ҷазираи кӯчак бурдаву дар соҳили он партоб кардааст. 

Ҳарорати об дар лаҳзаи роҳандозии амалиёти наҷот 19-12 дараҷа гарм буд. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ресмони эҳтиётӣ то назди мард расиданд, ӯро камзӯли наҷот пӯшониданд, бо ресмон бастанд ва аз миёни мавҷи пурхӯруш гузашта, то ба соҳил саломат расонданд ва ба зудӣ ба беморхона интиқол доданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми ҳузур дар соҳили рӯдхонаҳо эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои мамнӯъ моҳидорӣ накунанд.

барчасп: