Омори ин хабар аз дақиқаҳои аввали ҳодисаест, ки рӯзи 28 июни соли 2024 иттифоқ уфтод. Дар хабар гуфта мешавад, ки суқути бахше аз фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ, пойтахти давлати Ҳинд як кушта ва чанд захмӣ ба ҷой гузошт. Ин сутунҳо баъди як борони хеле шадид фурӯ рехт.
Тасвирҳои пахшшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳикоят аз он мекунанд, ки сутунҳои бузурге, ки сақфро нигаҳ медоранд, ба рӯи мошинҳои парк сарозер мешаванд ва дар имтидоди терминали шумори яки ин фурудгоҳ фурӯ мерезанд. Мақомот куллияи парвозҳои хуруҷиро аз ин фурудгоҳ муваққатан қатъ карданд ва соатҳои аввал гузориш расид, ки ин терминал дигар мусофиронро ба далели амниятӣ қабул намекард.
Мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки ин ҳодиса соати 5 субҳ бо вақти маҳаллӣ рух дод. Амалиёти наҷот ва имдод оғоз шуд ва паёмадҳои он бартараф гардид.
Ҷолибтарин нукта аз ин фоҷеа он аст, ки ин терминал бо харҷи миллиардҳо рупия таҳти бозсозии густарда қарор дошт ва камтар аз се моҳ пеш ифтитоҳ шуда буд.
Боронҳои шадид аз рӯзи панҷшанбе дар Деҳлӣ шуруъ шуд ва сабаби коҳиши шиддати гармои шадид дар ин шаҳр гашт. Аммо ин боронҳо мунҷар ба обгирифтагӣ дар баъзе аз манотиқ низ шудааст.
Идораи ҳавошиносии Ҳинд пешбинӣ кардааст, ки ин шаҳр ҳамчунон шоҳиди “борандагии шадид ва бисёр шадид” дар охири ҳафта хоҳад буд.