Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо дар навоҳи тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ
Чоп шуд: 19/06/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21 июни соли 2024 ба сабаби болоравии дамо ва об шудани барфҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.