Оғози мавсими оббозӣ дар кишвар. Тавсияҳои КҲФ дар чанд бахш. БАХШИ АВВАЛ
Чоп шуд: 06/06/2024 | adminАз 1 июн дар саросари кишвар расман мавсими оббозӣ оғоз шуд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста таъкид мекунанд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Бино ба омори ахир аз аввали сол дар обҳои кишвар 52 нафар ғарқ шудаанд, ки тахминан ниме аз онҳо бачаҳои синну соли томактабиву мактабианд.