Ба сокинони 11 шаҳр ва ноҳияи аз офатҳо зарардидаи кишвар ёриҳои башардӯстона расид
Чоп шуд: 15/06/2024 | adminДар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ёрии навбатии башардӯстона расонд.