14 июни соли 2024 бар асари боришоти шадид дар километри 5 ва 12-уми роҳи байни деҳаҳои Обурдон ва Камодони ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел роҳҳоро баст.
Барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника ва кормандони хадамоти роҳи вилоят сафарбар карда шуд. Пас аз анҷоми корҳо, роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд. Дар натиҷаи омадани сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
КҲФ бо таваҷҷӯҳ ба шароити кунунии обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо дар наздикии соҳили кӯлу дарёву каналҳо набошанд, аз рафтани ба моҳидорӣ, чорвочаронӣ, ғунучини алафу ҳезум низ бояд худдорӣ кард.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагон даъват мекунад, ки қабл аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумот гиранд ва баъдан бо омодагӣ ба сафар бароянд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳамеша ба нафъи худи шумост!