Селу сангрезиши шабонарӯзи гузашта
Чоп шуд: 13/06/2024 | admin11 июни соли 2024 соати 20:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст, сел омад. Дар натиҷа, 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу регу лой ва об монда, 7 километр роҳи деҳотро баст.
Корҳо барои рафъи вазъи баамаломада идома доранд, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷои ҳодиса ба муайян кардани ҳаҷми хисорот машғул аст.