Activities calendar

25 июни 2024

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 28-30 – уми июни соли равон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 25-26 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел, рехтани сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ, ярч боқӣ мемонад.

Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Левакант

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабинищои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024, аз 24 то 26 июни соли 2024 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

ИФРОТГАРО НЕ, ИНСОНГАРО БОШЕМ!

Маълум аст,  ки экстремист дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –  дин, сиёсат, идеология, илм ва, ҳатто, дар варзиш, ба миён ояд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.