КҲФ: Рӯзҳои 13-14 июни соли ҷорӣ хатари омадани селҳо боқӣ мемонад
Чоп шуд: 12/06/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 13-14 июни соли равон дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.