Ёриҳои башарӣ ба хонаводаҳои аз сел осебдидаи ноҳияи Варзоб

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида аз сел, Кумита бо дастгирии шарикони байналмиллалӣ ёриҳои худро дар самти расонидани кумак ба аҳолӣ идома медиҳад.

Ба шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили возеҳи ҳамкориҳо кумакҳо сари вақт ба аҳолии шаҳру навоҳии кишвар, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, расонида мешавад.

Чунончӣ, 10 июни соли 2024 кормандони КҲФ якҷо бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) бо дастгирии молиявии Намояндагии Кӯмаки башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ба 290  хонаводаи ноҳияи Варзбо, ки аз сел осеб дидаанд, кумак расонданд.

Кормандони Кумита бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳаббҳо барои безараргардонии оби нӯшокиро расонданд, ки дар ҳузури комиссияи ноҳиявӣ бо роҳбарии раисони деҳоту ҷамоатҳо тақсим карда шуданд.

барчасп: