Ҷасади писарбачаи 10-соларо дар рӯзи дуюми ҷустуҷӯ пайдо карданд
Чоп шуд: 03/06/2024 | adminНаҷотдиҳандагони КҲФ рӯзҳои истироҳат дар ноҳияи Ёвон ба корҳои ҷустуҷӯи ҷасади тифли ғарқшуда идома доданд. Бино ба оморҳои озир то 3 июни соли 2024 52 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 21 нафарашон то 17-сола буданд.
1 июни соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, як сокини 10-солаи деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали байнидеҳаи маҳаллӣ ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот сафарбар карда шуданд. Ҷустуҷӯ то торикӣ идома кард, аммо натиҷае надод.