Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки шабонарӯзи наздик бар асари боронҳои пуршиддат дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд омадани селҳо пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд (Варзоб, Лучоб, Элок, Ромит, Харангон), вуҷуд дорад. 

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандони  хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо соҳили обҳо моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд. 

Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳи хоҳиш мешавад аз рафтан ба доманакӯҳҳои ба хотири ҷамъоварии гиёҳони дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт хоҳиш карда мешавад сокинон аз қабл селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу хасрубаву сангу шағал тоза кунанд. 

барчасп: