Омӯзишҳои серӯза дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муддати се рӯз барои иҷрои Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2024 дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда машқҳои мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омӯзиши маҷмуъӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» дар се марҳила ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин чорабиниҳо, ки рӯзҳои 28 - 31 майи соли 2024 гузаштанд,  омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия ва наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди санҷиш қарор гирифт.

Пас аз фаъол шудани системаи огоҳкунӣ, хадамоти ҳолатҳои фавқулода аз минтақа зуд ба ҷои ҳодисаи эҳтимолӣ расиданд.

Дар омодагии мақомоти мудофиаи граждании шаҳр, ҳайати фармондеҳию назоратӣ ва ҳайати шахсии хадамоти наҷоти шаҳр баррасӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии нерӯҳо ва воситаҳое мебошад, ки амнияти аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунанд.

Рӯзи 29 май дар шаҳраки Сайҳун ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов бо истифода аз 8 адад таҷҳизоти муҳандисӣ бо ҷалби мардуми маҳаллӣ ҳашар баргузор гардид. Зиёда аз чор ҳазор метри мукааб селроҳа аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза карда шуд. Инчунин, дар ин рӯз сокинони дигар шаҳракҳои вилоят низ ҳашар гузарониданд ва каналу ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро тоза карданд.

Ширкаткунандагони фаъоли омӯзиш бо Сипосномаи Раиси КҲФ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия сарфароз гардонда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи машқ бо муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсони мансабдори ваколатдор дар ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дарсҳои таълимию методӣ гузаронида шуданд.

барчасп: