Ҷасади писарбачаи 10-соларо дар рӯзи дуюми ҷустуҷӯ пайдо карданд

Наҷотдиҳандагони КҲФ рӯзҳои истироҳат дар ноҳияи Ёвон ба корҳои ҷустуҷӯи ҷасади тифли ғарқшуда идома доданд. Бино ба оморҳои озир то 3 июни соли 2024 52 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 21 нафарашон то 17-сола буданд.

1 июни соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, як сокини 10-солаи деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали байнидеҳаи маҳаллӣ ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот сафарбар карда шуданд. Ҷустуҷӯ то торикӣ идома кард, аммо натиҷае надод.

2 июни соли 2024, субҳи барвақт корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд. Дар соати 10:07 ғаввосони КҲФ ҷасади писарбачаро дар 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва берун оварданд. Ҷасад ба наздиконаш супурда шуд.

То 3 июни соли 2024 52 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 21 нафарашон то 17-сола буданд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падару модарон, хешу табор ва наздикон изҳори таслият мекунад ва  бори дигар даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд!

барчасп: