31 майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Румӣ ҷаласаи комиссияи амалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиҳи хатари офатҳои табиӣ дар ҳайати васеъ баргузор шуд.
Ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ генерал-майор Ҷамшед Камолзода гузашт.
Дар ҷаласа масъалаи таҳияи харитаи роҳ барои тавсеаи системаҳои огоҳсозии бармаҳал дар доираи татбиқи Ташаббуси огоҳии бармаҳал барои ҳама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷузъҳои 1 “Донистаниҳо дар бораи хатар” ва 4 “Омодагӣ ва имконоти вокуниш ба онҳо” баррасӣ шуд.
Қарор шуд, ки дар ҷаласаи навбатии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо ҳуҷҷати таҳияшуда барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Дар маҷлис зиёда аз 30 нафар намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд. Ҳамчунин намояндагони шарикони рушд, аз қабили Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон даъват ва ширкат доштанд.