Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Левакант

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабинищои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024, аз 24 то 26 июни соли 2024 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Машқ дар мавзӯи «Амалиёти ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои воҳидҳои амалкунандаи ноҳия ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар давраи боришоти шадид ва ба вуҷуд омадани хатар дар ҳудуди ҷамоати деҳоту шаҳр ва ноҳия” баргузор шуд.

Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, қувваҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия ва наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии нерӯҳо ва воситаҳое мебошад, ки амнияти аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунанд.

 

барчасп: