Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 28-30 – уми июни соли равон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 25-26 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел, рехтани сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ, ярч боқӣ мемонад.

Илова бар ин рӯзҳои 28-30 июни соли 2024 дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии шимолии вилояти Суғд бар асари тағйироти обуҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар муроҷиат мекунад, ки ба касоне, ки аз бемориҳои дилу раг ранҷ мекашанд ва ё гирифтори касалиҳои қанд мебошанд, диққат диҳанд.

РИОЯИ ИН ТАВСИЯҲО БА МАНФИАТ АСТ:

  • Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсияи дигар ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар чунин ҳолатҳо:

  • Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
  • То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
  • Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
  • Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми навбатдории КҲФ:

223-13-11; 93 880 28 19.МУРОҶИАТ КУНЕД.

 

барчасп: