Селу сангрезиши шабонарӯзи гузашта

11 июни соли 2024 соати 20:15 дақиқаи вақти маҳаллӣ бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои атрофи деҳаи Сарвақти ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, ки дар байни марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст, сел омад. Дар натиҷа, 40 қитъаи наздиҳавлигӣ, 12 иншооти ёрирасон зери сангу регу лой ва об монда, 7 километр роҳи деҳотро баст.

Корҳо барои рафъи вазъи баамаломада идома доранд, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия дар ҷои ҳодиса ба муайян кардани ҳаҷми хисорот машғул аст.

12 июни соли 2024, соати 20:30 дар деҳаи Обурдони ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бар асари боришоти шадид аз теппаҳои гирду атрофи деҳа сел омад. Сел ба иншооти ёрирасон зарар расонда, се қитъаи замини сокинонро зери об кард. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи фавқулодаи вилоят кор мекунад. Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

12 июни соли 2024 дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҳудуди деҳаи Хехаки ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа ин қитъаи роҳ муваққатан баста шуд. Барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои он техника ва кормандони хадамоти роҳи ноҳия ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода, соати 00:45 дақиқаи 13-уми июн роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 13-14 июни соли 2024 дар навоҳии наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобиеъ ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад.

барчасп: