Ба сокинони 11 шаҳр ва ноҳияи аз офатҳо зарардидаи кишвар ёриҳои башардӯстона расид

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ёрии навбатии башардӯстона расонд.

Чунончӣ, рӯзҳои 13-14-15 июни соли 2024 ба панҷ шаҳри мамлакат (Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун ва Истаравшан) ва шаш ноҳия (Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Сангвор ва Шаҳристон), ки аз офатҳои табии рӯзҳои охир осеб дида буданд, маводи озуқа, бастаҳои беҳдоштӣ ирсол шуд. Шумораи умумии хонаводаҳо 1061 нафар буда, 5305 нафарро ташкил медод. Кӯмак тавассути техникаи Комитет расонида шуд.

Сокинони зарардида дар офатҳо ба Пешвои муаззами миллат барои ғамхорӣ ва сари вақт расидани ёриҳои башарӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

барчасп: