Аз 1 июн дар саросари кишвар расман мавсими оббозӣ оғоз шуд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста таъкид мекунанд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Бино ба омори ахир аз аввали сол дар обҳои кишвар 52 нафар ғарқ шудаанд, ки тахминан ниме аз онҳо бачаҳои синну соли томактабиву мактабианд.
Мутахассисон ба ин назаранд, ки сабаби аслии ғарқ шудани тифлону ноболиғоз беназорати аз ҷониби волидайн ва оббозӣ дар манотиқест, ки шиноварӣ манъ шудааст.
Аммо афроди аз 35-сола боло бештар дар ҳолати ширакайфӣ ва нӯшидани шароб ғарқ мешаванд, чун наметавонанд дар дохили об худро идора кунанд.
КҲФ бори дигар аз волидон ва калонсолон хоҳиш мекунад ноболиғонро ҳаргиз беназорат нагузоранд.
Дар зер дар чанд бахш қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиву шиновариро меорем.
Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем?
Ҳар гоҳе фасли гармо фаро мерасад ва мавсими оббозӣ меояд, маъмулан соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин мавсими басо гарм ҳамагӣ макони тафреҳу истироҳатеро меҷӯянд, ки ҳам аз гармо дур бошанд ва ҳам оббозӣ кунанд. Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори ҳаводиси нохӯш ҷилавгирӣ намояд.
Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Чуноне қоидаҳо муқаррар менамоянд, аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино дар давоми шабонарўз соати 8-10-и субҳ ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз истеъмоли ғизо мебошад.
- Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!!!
- Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
- Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.
- Шумо набояд аз ҷову маконҳои нишонагузоришуда дуртар равед.
- Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
- Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
- Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.
- Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
- Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.
- Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
Таҳияи Б.Шафеъ