Имдодгарон ҷасади навраси ғарқшударо аз об берун оварданд

18 июни соли 2024 соати 17:40 дақиқа ба қисми навбатдории Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар шаҳри Норак хабар доданд, ки дар кӯли Комсомоли шаҳри Нораки вилояти Хатлон як наврас ғарқ шуд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Маълум шуд, ки шахси ғарқшуда як сокини 16-солаи деҳаи ба номи Исмат Шарифии ноҳияи Данғара буда, аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Имдодгарон ҳамроҳ бо ғаввосони Неругоҳи барқиву обии Норак баъди гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯву наҷот ҷасади наврасро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд: танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда оббозӣ кунанд.

Аз падару модарон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

барчасп: