17 июни соли 2024, соати 11:00 бар асари бориш дар километри 140-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди шаҳраки Сариқоши ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад ва роҳро муваққатан баст.
Ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳҳои муҳофизатӣ кушода шуда, барои бартараф намудани паёмадҳои офат кормандони хадамоти роҳ ва техникаи муҳандисии ноҳияи Нуробод сафарбар карда шуданд.
18 июни соли 2024 соати 18:30 бар асари боришоти шадид аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Росровут ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел омад ва роҳи байни деҳаҳоро баст. Корҳои бартараф намудани вазъияти ба амаломада давом дорад.
Худи ҳамон рӯз, соати 19:45 дар километри 39-уми шоҳроҳи Лаби – Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор сел муваққатан роҳро баст.
Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада кормандон ва техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шуд ва соати 02:05 дақиқаи рӯзи 19 июн роҳ пурра аз селоврдаҳо тоза ва боз гардид.
Дар селҳои рӯзи гузашта талафоти ҷониву харобиҳои зиёд набуд.