Рӯзе дар таърихи башар. Обхезии Янсзи

Обхезии Янсзи. Ин ҳодиса соли 1931 рух дод ва дар он наздик ба 4 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин обхезӣ баъди Тӯфони бузурги олам (Тӯфони Нуҳ) пурқудраттарин ҳисобида мешавад. Дар он чор миллион хона, сесад ҳазор километри мураббаъ заминҳои кишт зери об шуд.

Аз соли 1928 то 1930 дар Чин як хушксолии даҳшатнок ҳукмрон шуд. Зимистони соли 1930/1931 сербарф ва баҳор сербориш омад. Дарёҳо аз об пур шуданд, сатҳи об боло рафт. Селҳо бештар омаданд ва моҳҳои июл ва август ба ҳадди ниҳоӣ расиданд. Ҳамзамон тӯфонҳои шадиди дарёӣ ба шумор ва шиддат афзоиш ёфтанд: танҳо моҳи июли ҳамон сол нӯҳ тӯфони пуршиддат ба қайд гирифта шуд, дар ҳоле, ки маъмулан ҳар сол аз ду тӯфон зиёд дида намешуд.

Моҳи июл об аз соҳилҳои калонтарин дарёҳои кишвар: Янсзи, Хуайхэ ва Хуанхэ бурун шуд ва маҷрои бузурги об то Нанкин17   расид ва онро қариб пурра хароб кард. Рӯзи 19-уми август сатҳи об то ба 16 метр баланд шуд. Бегоҳии 25-уми август об ба Канали Бузург18 расид ва саддро пурра шуст. Он шаб наздик ба 200 000 нафар сокинон, ки аксари онҳо ғарқи хоб буданд, зери об монданд.

Аз сабаби ҷасадҳои зиёди бӯгирифта дар тобистони гарм, гуруснагӣ бемориҳои вабо ва домана ба фалокати ҳамагир табдил шуданд. Ҳодисаҳои бачакушӣ ва одамхӯрӣ низ дар ҳамин солҳо ба қайд гирифта шуданд.  Ҳукумати Гоминтонг (Гоминдан) комиссияи кумак ба зарардидагонро ташкил кард, вале чун дар мамлакат ҷанги дохилӣ идома дошт, ин комиссия натавонист ба ҳадди лозим ёриҳоро аз саросари кишвар ҷамъоварӣ ва ба маҳалли офат расонад. Соли 1953 Чин ба дасти коммунистон гузашт ва Мао Сзе Дун боре аз соҳилҳои Янсзи гузар намуд ва баъдҳо тарҳи бозсозии минтақа рӯи кор омад, ки тибқи он мебоист се иншооти гидротехникӣ бо номи “Седара” бунёд мешуд, ки он метавонист сокинони минтақаро аз хатари обхезӣ ҳифз мекард. Бунёди ин дамбаҳои азим солҳо идома доштанд ва танҳо соли 2012 ба анҷом расиданд.

Таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: