Activities calendar

03 июли 2024

Болоравии сатҳи оби дарё боиси қатъи ҳаракати мошинҳо шуд

2 июли соли 2024, соати 16:10 дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди шаҳраки Хавзаки ноҳияи Ляхш мегузарад, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу яхи кӯҳҳо сатҳи оби дарьёи Сугак боло рафт ва ин об аз соҳилҳо берун шуда,  500 метр қитъаи ин роҳро шуста, дар чор нуқта сими барқро хароб кард.

Дар айни замон роҳ баста аст ва корҳои бартараф кардани паёмадҳои офат идома доранд.

Талафоти ҷонӣ нест.

Ҳалокати 8 нафар дар ду садамаи маргбори мошин. Се шаҳрванди Узбекистон ва 5 узви як оила аз Тоҷикистон

Дар садамаи мошин, ки рӯзи 2 июли соли 2024 соати 13:00 дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки мошини тамғаи “Daewoo Nexia” бо рақами давлатии 40Н174 GB uz, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ бархӯрд.

Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.