Activities calendar

04 июли 2024

Роҳандозии корҳои таблиғотиву пешигирикунанда дар вилояти Хатлон

Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар обҳо рейдҳои пешгирикунанда мегузаронанд.

Чунончӣ, 3 июли соли 2024 кормандони Раёсат дар махзанҳли оби қаламравиноҳияи Кушониён чорабиниҳои пешгирикунанда роҳандозӣ карданд. 

Ҳадафи асосӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани ҳодисаҳои нохуш ва маргу мир дар объектҳои об, гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар байни аҳолӣ мебошад.

КҲФ озмуни довталабон барои таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Қазоқистонро эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни қабули довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2024-2025-ро эълон мекунад. Дар озмун ҷавондухтарон ва ҷавонписарони аз 16 то 22-сола ширкат карда метавонанд.
Синну соли довталабон аз 1 сентябри соли кабул ба таҳсил

Ширкат ва ғолиб шудани кормандони КҲФ дар як озмуни байналмилалӣ

Натиҷаи чаҳорумин Озмуни байналмилалии ташаббусҳои донишҷӯён дар самти муқовимат ба идеологияи терроризм «Сипари донишҷӯй 2024», ки ҳамасола аз ҷониби Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскави шаҳри Маскави Федератсияи Русия якҷо бо Муассисаи зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, чамъбаст шуд.

Идома корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ. Пайдо шудани ҷасади як марди 62-сола, ки дар сели 5 май нопадид шуда буд

Дар  24 соати охир дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонии кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуда, корҳо барои рафъи паёмадҳои он дар минтақаҳои Сангвор ва Нуробод идома доштанд. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади мардеро, ки дар  сел нопадид шуда буд, пайдо ва аз дарё берун оварданд.

Тоҷикобод

КҲФ: Ду рӯзи оянда ҳавои ғуборолуда дар назар аст. Хатари омадани селҳо низ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 3-5 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.