Ширкат ва ғолиб шудани кормандони КҲФ дар як озмуни байналмилалӣ

Натиҷаи чаҳорумин Озмуни байналмилалии ташаббусҳои донишҷӯён дар самти муқовимат ба идеологияи терроризм «Сипари донишҷӯй 2024», ки ҳамасола аз ҷониби Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскави шаҳри Маскави Федератсияи Русия якҷо бо Муассисаи зиддитеррористии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, чамъбаст шуд.

Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав дар якҷоягӣ бо Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ Озмуни чоруми байналмилалии ташаббусҳои донишҷӯён дар соҳаи мубориза бо идеологияи терроризм «Сипари донишҷӯӣ-2024»-ро аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи июни соли 2024 идома дошт, ҷамъбаст кард.

Мақсад аз баргузории озмун дастгирии беҳтарин ташаббусҳои бунёдии донишҷӯёни макотиби олии кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо идеологияи терроризм буд.

Дар озмун донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба озмун маводҳо дар чаҳор бахш: беҳтарин маводи аёнии иттилоотӣ, беҳтарин асари адабӣ, беҳтарин навор, беҳтарин чораи пешгирикунанда пешниҳод карда шуданд.

Ғолибонро ҳакамони байналмилалӣ муайян намуданд.

Дипломи дараҷаи дуюм насиби корманди КҲФ, хатмкардаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Турсунзода шуд.

Маҳсули заҳамоти як корманди дигари Кумита низ қадрдонӣ шуд. Мо хамкасбонамонро барои ин пирӯзӣ самимона муборакбод мекунем!

 

барчасп: