30 соли КҲФ. Нақши Пешвои миллат дар пешбурд ва рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода (Идома)
Чоп шуд: 23/07/2024 | adminТаҳлили фаъолияти рӯз ба рӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду тавсеаи на танҳо Кумита, балки коҳиши хатари офатҳо баръало нишон медиҳад. Дида мешавад, ки ин Кумита зинда ба зина маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат рушд кардаву барномаҳои қобили таҳсини коҳиши хатари офатҳоро амалӣ кардааст. Ва на танҳо ин.