Activities calendar

18 июли 2024

Рӯзи гузашта дар куҷо чӣ рух дод?

17 июли соли 2024, тахминан соати 08:00-дақиқа, як сокини 52-солаи деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳангоми рондани мотосикл дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамар, ноҳияи Қубодиён ҳамроҳ бо наберааш идораи мошинро аз даст дода, аз шоҳроҳ берун ва ба канал сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама набераи дусолааш дар об ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Онҳо то фаро расидани торикӣ бо роҳандозии корҳои рӯиобиву зериобӣ ҷасадро ҷустанд, вале бенатиҷа.

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар мерасонад, ки рӯзи 19 июли соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.