Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари эҳтимолии селҳо ва тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 13-14-уми июл
Чоп шуд: 10/07/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 10-12 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.