Activities calendar

26 июли 2024

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид, тӯфони гарду ғубор ва селҳо аз 27-уми июл то 1-уми август

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 27 июл то 1-уми авггувсти соли 2024  дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво ба ҳадди 40-43 дараҷа дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, то 43-46 дараҷа дар қаламрави вилояти Хатлон, аз 37 то 40 дараҷа гарм дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, 40-42 дараҷа дар ноҳияи Дарвоз дар назар дошта шудааст.