Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид, тӯфони гарду ғубор ва селҳо аз 27-уми июл то 1-уми август

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 27 июл то 1-уми авггувсти соли 2024  дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво ба ҳадди 40-43 дараҷа дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, то 43-46 дараҷа дар қаламрави вилояти Хатлон, аз 37 то 40 дараҷа гарм дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, 40-42 дараҷа дар ноҳияи Дарвоз дар назар дошта шудааст.

Афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо ва барфҳо шавад ва ин ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо оварда расонад.

Ҳамчунин аз 27 июл то 1 августи соли равон бар асар болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об, ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатар омадани селҳо дар натиҷаи об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Гузашта аз ин аз 30-уми июл то 1 августи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии марказии тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.  

Қоидаҳои бехатарӣ ва рафтори дуруст дар чунин ҳолатҳо инҷост:

ТАВСИЯҲОИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА БАРОИ РӮЗҲОИ ГАРМ

 

 

барчасп: