Кумита такроран огох месозад
Чоп шуд: 29/07/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 августи соли 2024 дар кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад: дар водиҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 40+43, дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 31+36 ва дар ноҳияи Дарвоз аз 37 +39 дарача гарм мешавад.