Болоравии сатҳи оби Хингобу Сурхоб бар асари об шудани пиряхҳо

Рӯзҳои 25-26 июли соли 2024 бар асари болоравии ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сатҳи оби дарёи Хингоб баланд шуд ва 48-километрии роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Сангворро, ки аз тариқи деҳаи Ёзганд мегузард, зери об кард.

Ғайр аз ин об қитъаи наздиҳавлигии як сокини ҳамин деҳаро низ пур кард.

Бо мақсади таъмини амният бошандагони ин ҳавлӣ муваққатан ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.  

Ғайр аз ин 28 июли соли ҷорӣ соати 06:00 дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб мушоҳида шуд. Дар натиҷа оби аз соҳил хориҷгашта километри 255-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Рашро зери об карда, роҳро баст.

Дар айни замон ин қитъаи роҳ баста буда, корҳои бартараф кардани паёмадҳои офат идома доранд.

барчасп: