Хабари сел дар вилояти Суғд
Чоп шуд: 09/07/2024 | admin8-уми июли соли 2024 соати 13:15 дақиқа боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд сабаби омадани селе шуд, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард.
Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.