8-уми июли соли 2024 соати 13:15 дақиқа боронҳои шадид дар ҳудуди деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии вилояти Суғд сабаби омадани селе шуд, ки 850 метр канали оби нӯшокии шаҳраки Аслонободро аз лой пур кард.
Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
8 июли соли 2024 соати 16:00 баъди боришоти шадид дар деҳаи Понгози ҷамоати деҳоти Понгози ноҳияи Ашт сел омад. Дар натиҷа, об қитъаҳои замини сокинон, иншооти ёрирасон ва роҳи байнидеҳаро хароб кард. Комиссияи ноҳиявӣ дар ҷои ҳодиса кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест.
Худи ҳамон рӯз, соати 16:00 дар ҳудуди деҳаи Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел роҳи байни деҳ, ки тавассути пул ба ҳам васл мешуд, аз лой пур кард.
Барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса техникаи вазнини муҳандисии хадамоти роҳи шаҳр сафарбар карда шуд. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел идома доранд.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.