Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 августи соли 2024 дар кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад: дар водиҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 40+43, дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 31+36 ва дар ноҳияи Дарвоз аз 37 +39 дарача гарм мешавад.
Инчунин, аз 30 июл то 5 августи соли 2024 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об ва дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асри об шунаи пиряхҳо боқӣ мемонаӣ
Ғайр аз ин аз 30-уми июл то 2 августи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии марказии тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.
Дар робита ба ин, КҲФ дар ин рӯзҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ба хотири бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя кунанд:
- то ҳадди имкон камтар дар зери нури офтоб бимонед. Агар ин ногузир бошад, пас сари худро бо кулоҳ ва чатр пӯшед;
-дар хотир дошта бошед, ки аз соати 11.00 то 17.00 офтоб бештар фаъол аст. Дар ин вақт тавсия дода мешавад, ки тамоми қисмҳои баданро аз нури офтоб муҳофизат кунед. Либоси дӯхташуда аз матоъи табиӣ пӯшед. Бештар об нӯшед, аммо машрубот нанӯшед. Дар гармо таъсири машрубот зиёд шуда, организм ба ҳарорати баланд ҳассос мешавад. Оби хунукшуда, чойи сабз, квас бинӯшед;
-Агар имкон набошад, сафарҳои дуру дарозро бо мошин маҳдуд кунед, дар роҳ то ҳадди имкон эҳтиёт кунед, зеро дар вақти гармӣ саломатии шумо бадтар мешавад. Кӯдаконро ҳатто дар муддати кӯтоҳ дар мошин танҳо нагузоред. Дар шароити гарм, ин метавонад боиси беҳуш шудани кӯдак гардад;
- агар шумо дар соҳили обҳо истироҳат мекунед, пас барои ин ҷоеро интихоб кунед, ки иҷозат дода шудааст. Бештар дар ҳамон минтақаҳое, ки наҷотдиҳандагон навбатдорӣ мекунанд. Агар бо фарзандонатон дар соҳили обҳо истироҳат мекунед, пас онҳоро аз назаратон дур надоред, доим бубинед, ки куҷоянд ва чӣ кор мекунанд;
— дар ҷойҳои махсус муқарраршуда аз дастгоҳҳои махсуси таомпазӣ бояд истифода кард, агар мехоҳед кабоб пазед, пас ҷойеро интихоб кунед, ки иҷозат дода шудааст.
- ҳар коре агар мекунед, ки бо оташ иртибот дорад, пас эҳтиёт кунед, дар гармо истифода аз оташ ва ҳатто асбобҳои барқии гармидиҳанда ҳассосиятҳои худро дорад, ки риояи қоидаҳои бехатариро тақозо мекунад;
- омода кардани шашлик барин ғизоҳо дар айвони хонаҳо қатъиян манъ аст!
ОДАМОНЕ, КИ АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ РАНҶ МЕБАРАНД ДАР ГАРМО ЧӢ БОЯД КУНАНД?
1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ доштабошанд.
2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, бояд истеъмол кунанд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошта бошанд.
4. Доштани рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ шарт аст, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кунанд ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ доранд.
5. Дар офтоб худро насӯзонанд ва кӯшиш кунанд аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯянд.
6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашаванд.
7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшанд.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшанд.
9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаранд, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунанд.
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоянд ва сигор ҳам накашанд.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони
223-13-11 ва ё 112
ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!