28 июли соли 2024 соати 13:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагони навбатдор аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳрвандро дар обанбори «Баҳри тоҷик» бо дурбин мушоҳида карданд, ки тадриҷан дар об ғарқ мешуд.
Онҳо фаврӣ худро ба макони ҳодиса расонданд ва ҷавонро, ки 18 сол дошта, як сокини шаҳри Душанбе будааст, аз об саломат берун оварданд.
Онҳо ба ҷабрдида фавран ёрии аввалияти тиббӣ расонданд ва ӯ аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард.
Ҳамчунин имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон рӯзҳои истироҳат ҷусӣуҷӯи ҷасади як тифли ғарқшударо идома доданд.
Чуноне пештар ҳам хабар дода будем, 17 июли соли равон як хонуми 52-солаи сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ки мотосикл меронд, аз уҳдаи идораи он набаромад ва ба канали маҳаллӣ сарозер шуд. Ҳангоми ҳодиса набераи дусолаи ӯ низ ҳамроҳаш буд, ки дар оби канал ғарқ шуд.
Рӯзи 28-уми июл ҷасади ин писарак 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Утакар Назарови ноҳияи Қубодиён пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
То 29 июли соли 2024 дар обҳои кишвар 118 нафар ғарқ шуданд, ки 60 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 17-сола буданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.