Ҳушдор аз гармои шадид. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои рӯзҳои гарм

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 31 июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво ба ҳадди 43 дараҷа дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, то 46 дараҷа дар қаламрави вилояти Хатлон, аз 37 то 40 дараҷа гарм дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, 42 дараҷа дар ноҳияи Дарвоз дар назар дошта шудааст.

 Афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо ва барфҳо шавад ва ин ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо оварда расонад.  

ЧАНД ТАВСИЯИ МУҲИМ БАРОИ РӮЗҲОИ ГАРМ АЗ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА:

  • тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;
  • ҳаногоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;
  • як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;
  • агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;  
  • нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;
  • аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
  • дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, то имкон доред, худро эҳтиёт кунед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
  • бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳо ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нӯшед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
  • бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
  • шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;
  • ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя кунед.

 

ОДАМОНЕ, КИ АЗ БЕМОРИҲОИ ҚАЛБ РАНҶ МЕБАРАНД ДАР ГАРМО ЧӢ БОЯД КУНАНД?

 

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ доштабошанд. 

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, бояд истеъмол кунанд.
3. Бо худ бояд оби бегаз дошта бошанд.
4. Доштани рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ шарт аст, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кунанд ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ доранд.
5. Дар офтоб худро насӯзонанд ва кӯшиш кунанд аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯянд.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашаванд.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшанд.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшанд.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаранд, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунанд.  
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоянд ва сигор ҳам накашанд.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор
бо телефони 223-13-11 ва ё 112

ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!

барчасп: