Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари эҳтимолии селҳо ва тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 13-14-уми июл

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 10-12 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Илова бар ин, рӯзҳои 13-14 июли соли 2024 дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.

Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

КҲФ зарурати зуд-зуд бо латтаи намнок тоза кардани манзиили истиқоматӣ ва дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро хотиррасон мекунад.

Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.

барчасп: