17 июли соли 2024, тахминан соати 08:00-дақиқа, як сокини 52-солаи деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҳангоми рондани мотосикл дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамар, ноҳияи Қубодиён ҳамроҳ бо наберааш идораи мошинро аз даст дода, аз шоҳроҳ берун ва ба канал сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама набераи дусолааш дар об ғарқ шудааст.
Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Онҳо то фаро расидани торикӣ бо роҳандозии корҳои рӯиобиву зериобӣ ҷасадро ҷустанд, вале бенатиҷа.
Субҳи рӯзи 19 июл ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуд.
17 июли соли 2024, соати 16:40 наҷотдиҳандагони Кумита ҳамроҳ бо аҳолии маҳаллии ноҳияи Шаҳринав пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади кӯдаки ғарқшударо кашф ва берун оварданд. Ин сокини 11-солаи деҳаи Роҳи Нави ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав тақрибан 300 метр дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд. Ӯ 16 июли соли 2024 дар канали бузурги Ҳисор дар ноҳияи Шаҳринав ғарқ шуда буд.
Ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки 17 июли соли 2024 соати 17:40 дар километри 121,8 роҳи Душанбе –Хуҷанд, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнини вилояти Суғд мегузарад, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян карданд, ки автомашинаи тамғаи «Хундай» таҳти идораи як марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд ба ҷарии умқаш 150-200 метр сарозер шудааст. Дар натиҷаи садама ронанда ва се мусофир, ки ду нафарашон кӯдак будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Сабаби ин ҳодиса дақиқ нест, аммо эҳтимол аст ронанда бо суръати баланд ронандагӣ мекард ва аз уҳдаи идораи мошин набаромад.
Наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин суръати ҳаракатро риоя кунанд.