Таҳлили фаъолияти рӯз ба рӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду тавсеаи на танҳо Кумита, балки коҳиши хатари офатҳо баръало нишон медиҳад. Дида мешавад, ки ин Кумита зинда ба зина маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат рушд кардаву барномаҳои қобили таҳсини коҳиши хатари офатҳоро амалӣ кардааст. Ва на танҳо ин. Пешвои миллат ҳамеша барои такмили техникиву фароҳам овардани заминаҳои фаъолияти самараноки ниҳодҳои мудофиаи гражданӣ аз иқдомоти созандаву бунёдӣ кор гирифтаанд.
БО МАРДУМ ПАЙИ РАФЪИ ПАЁМАДҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ
Кумитаи оиди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 ташкил карда шуд.
Бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда қабул гардидаанд.
Баҳри ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулода Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст, ки мақоми доимоамалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди вуқуъи ҳар офати харобкори табиӣ шахсан аз манотиқи офатзада дидан мекунанд ва бо мардуми зарардида рӯбарӯ суҳбат мекунанд, мусибатзадагонро дилбардорӣ мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки ин хонаҳои хароба боз ба сурати беҳтар аз он барқарор хоҳанд шуд, ин деҳаи вайрона бо дастгирии Ҳукумат дубора ободу зебо ва тибқи тарҳи дигари замонавӣ сохта хоҳад шуд. Ин мусибат хотира мешавад, ин гиряҳо ба ханда табдил мегарданд, ин тифлаконе, ки имрӯз дар хаймаҳо ҳаёт ба сар мебаранд, дубора соҳиби хонаҳо басо зебову кӯчаҳои дилрабо, ҳавлиҳои ободу барои бозии кӯдакона муносиб мешавад. Давлату ҳукумат мардуми мусибатдидаро танҳо намегузорад.
Ин ҳарфҳои Пешвои миллат фаромӯшношуданианд: “Ҳукумати мамлакат дар ҳама ҳолатҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда мардуми кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд, зеро дастгирӣ кардани мардум дар чунин лаҳзаҳои мушкил ва дасти кумаку ёрмандӣ дароз кардан ба онҳо қарзи инсониву виҷдонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст”.
Мардум ба суханони сарвари худ бовар мекунанд ва дарвоқеъ ҳам муддате мегузарад ва худ шоҳид мешаванд, ки Ҳукумат ба ваъдаи худ вафо кард, сокинон соҳиби хонаҳое шуданд, ки Пешвояшон ваъда карда буд. Ин лаҳзаҳо хастагишикананд, шодиоваранд. Мардум дарк мекунанд, ки Президенташон дар мусибат канори онҳост.
Ва тайи солҳои охир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Дарвози ВМКБ дидан карданд, бо вазъ шинос ва бо аҳолии зарардида сӯҳбат карда, барои дар наздиктарин мӯҳлат бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ ва ба истифода додани хонаҳои нав барои осебдидагон ба мақомоти зидахл дасту дода буданд. Кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар маврид сари вақт ба зарардидагон мерасад ва ягон нафар аз ҷумлаи аҳолии зарардида аз ин ёриҳо бенасиб намемонад. Чунончӣ, дар ин давра танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ беш аз 20 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин маблағҳо барои пардохти кумаки яквақтаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва оилаҳои ҳалокшудагон, инчунин харидорӣ намудани маводи сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати барқарорсози харобиҳо ва мустаҳкат кардани соҳилҳои вайроншуда равона гардидаанд.
Гуфтанист, ки зарфи 11 соли охир (солҳои 2011-2021) бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 14468 хона, аз ҷумла 1155 адад пурра ва 13313 адад қисман зарар дида, 325 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.
(Идома дорад)