Таҳлили фаъолияти рӯз ба рӯзи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду тавсеаи на танҳо Кумита, балки коҳиши хатари офатҳо баръало нишон медиҳад. Дида мешавад, ки ин Кумита зинда ба зина маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат рушд кардаву барномаҳои қобили таҳсини коҳиши хатари офатҳоро амалӣ кардааст. Ва на танҳо ин. Пешвои миллат ҳамеша барои такмили техникиву фароҳам овардани заминаҳои фаъолияти самараноки ниҳодҳои мудофиаи гражданӣ аз иқдомоти созандаву бунёдӣ кор гирифтаанд.
ЗИНАҲОИ ТАЪСИС ВА РУШДИ КҲФ
Бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, №323 Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, ҷиҳати ҳамоҳангсозии мақомоти идоракунии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва сохтори Комиссияи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2015, №799 такмил дода шуд.
Низоми ягонаи мақомоти идорӣ, қувваю воситаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидории маҳаллӣ ва ташкилотҳоеро, ки дар салоҳияти онҳо ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дохил мешавад, муттаҳид карда, фаъолияти босамарро барои иҷрои вазифаҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" пешбинӣ гардидаанд, таъмин мекунад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №833 “Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда” вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби ташкил ва фаъолияти ҳар як сохтори кишварро муайян намуда, вазифаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудиро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, маҳаллӣ ва иншоотӣ муайян намуд.
Бо ташаббуси бевоситаи Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби ҳамоҳансозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №98 Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шуд, ки ки мақоми машваратӣ дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Чуноне медонем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси фармони Раиси Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 1992, №52 таъсис дода шуд, ки Курсҳои ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ яке аз сохторҳои пешбарандаи он ба шумор мерафт.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999, №1239 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 1999, №294 Курсҳои ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ Маркази таълимию-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ номгузорӣ гардида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547 ба Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон, ба роҳ мондани омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси касбии кормандони Кумита, инчунин баланд бардоштани сатҳи омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита бо таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат ва бо дастгирии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маркази башардӯстона ва ёрии фавқулоддаи Шоҳ Салмон бинои нави таълимии 3-ошёна сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Марказ дорои синфхонаҳои таълимии такмилёфта ва утоқҳо барои гузаронидани корҳои озмоишӣ, толорҳои ҷаласоти муҷаҳҳаз бо маҷмӯи воситаҳои техникии ҳозиразамон, ошхона борои 32 ҷойи нишаст, китобхона, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, меҳмонхона иборат аз 17 ҳуҷраи якнафара барои шунавандагоне, ки ба омӯзиш аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд, мебошад.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани иқтидори кадрӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Тӯли солҳои 1998-2021 аз ҳисоби афсарони Кумита ва воҳидҳои сохторӣ 59 нафар ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия сафарбар ва онро хатм карданд. Айни замон 33 нафар дастпарварони академияи мазкур дар Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита дар хидмат қарор доранд.
Аз соли соли 2017 барои омода намудани мутахассисони зинаи ибтидоӣ, аввалин маротиба барои 8 нафар квота дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия ҷудо карда шуда, дар соли 2017 - 7 нафар ва дар соли 2018 - 6 нафар барои таҳсил интихоб ва сафарбар гардиданд.
Илова бар ин хидматчиёни ҳарбии Кумита дар Донишкадаи муҳандисӣ–фармондеҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Белорус 17 нафар, Академияи неруҳои умумии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия 2 нафар, Академияи кайҳонии Санкт-Петербурги Русия 2 нафар, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 нафар ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар таҳсил карда, имрӯз дар Кумита фаъолият намуда истодаанд.
Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба принсипҳои ҳамкориҳои давлатии бисёрҷабҳа тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат бо давлатҳои шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри тасеаи соҳа ва иҷрои саривақтии чорабиниҳо дар самти огоҳонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода фаъолияти танзимшудаеро ба роҳ мондааст.
(Идома дорад)