Мулоти судманд ва суҳбат атрофи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

1-уми ноябри  соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илми таърих, дотсент Ҷабборзода Иброҳим Раҳмат вохӯрии судманд баргузор карда шуд, ки дар он ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд.

Вохӯриро муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, подполковник Назарзода  Иброҳим ифтитоҳ намуд.

Дар мулоқот Ҷабборзода  Иброҳим  доир ба таърихи пайдоиши Конститутсия, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи пурмуҳтаво кард.

Ӯ зикр намуд, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқи кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянкунандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва адолат мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави рушди кишварро интихоб намуд. Конститутсияи Тоҷикистон моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд.

Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.

Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули  Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид.

Ҳамзамон Иброҳим Назарзода оид ба Эъломияи Куруши Кабир сухан ронда изҳор намуд, ки ин эъломия асосҳои ҳуқуқи инсон-озодӣ, баробарӣ, манъи ғуломиро гузошт, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтаанд ва барои нигоҳдории мерос илҳом мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш дода буданд,  ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд, ки аҳамияти онро барои ҳувийяти миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ таъкид мекунад.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмон дар тарофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули ахбор сурат гирифт.

Диловар Маликзода, сардори бахши  кор  бо  ҷомеаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд.

барчасп: