22 июли соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо сарвари Сохтори «СММ-бонувон» дар Тоҷикистон хонум М.Ҷӯрақулова баргузор шуд.
Раиси КҲФ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.
Зимни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва банақшагириву татбиқи лоиҳаҳо дар масъалаҳои гендерӣ дар кишвари мо баррасӣ шуд.
Хонум Ҷӯрақулова бо изҳори сипос аз қабули гарму суҳбати пурмуҳтаво зикр намуд, ки танҳо бо ҳамкориҳои наздик метавон ба татбиқи пурсамари вазифаҳои гузошташуда даст ёфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар атрофи дурнамои ҳамкориҳо ва масоили дигари барои ҷонибҳо манфиатовару муҳим суҳбат карданд.