КҲФ озмуни довталабон барои таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Қазоқистонро эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни қабули довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2024-2025-ро эълон мекунад. Дар озмун ҷавондухтарон ва ҷавонписарони аз 16 то 22-сола ширкат карда метавонанд.

Синну соли довталабон аз 1 сентябри соли кабул ба таҳсил муайян карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ (курсант) ба таҳсили рӯзона дар заминаи таҳсилоти миёна (миёнаи умумӣ, техникӣ ва касбӣ) ​​ва баъд аз таҳсилоти миёна қабул карда мешаванд. Давомнокии таҳсил барои барномаи бакалаврӣ 4 сол аст.

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ (курсантҳо) ба Академия бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Омода кардани кадрҳо тибқи квотае, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон муайян шудааст, сурат мегирад.

Таълим ба забони русӣ мувофиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ, ки Академия барои дараҷаи бакалаврӣ тасдиқ кардааст, ройгон сурат мегирад.

Донишҷӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон бо стипендияи давлатӣ таъмин мешавад.

Довталабон аз рӯи натиҷаи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз забони русӣ, физика, математика ва стандартҳои санҷиши омодагии ҷисмонӣ қабул карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то 15 июли соли 2024 бо суроғаи: 734013, Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, бинои 26, Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ қабул карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: (+992 37) 227-71-81, факс: 221-91-19.

барчасп: