Роҳандозии корҳои таблиғотиву пешигирикунанда дар вилояти Хатлон

Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар обҳо рейдҳои пешгирикунанда мегузаронанд.

Чунончӣ, 3 июли соли 2024 кормандони Раёсат дар махзанҳли оби қаламравиноҳияи Кушониён чорабиниҳои пешгирикунанда роҳандозӣ карданд. 

Ҳадафи асосӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани ҳодисаҳои нохуш ва маргу мир дар объектҳои об, гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар байни аҳолӣ мебошад.

Мутаассифона, ҳодисаҳои нохуш дар обҳои кишвар зиёданд ва сабабҳои он асосан оббозӣ дар маконҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ, беназорати волидон ва ғайра мебошад.

Таблиғгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон миёни мардум бештар дар ҳамин бора суҳбат карданд ва ба онҳо паёмадҳои риоя нашудани қоидаҳои оббозиро фаҳмонданд. 

Ҳамзамон ба сокинон, онҳое, ки рӯзҳои чорабинӣ дар соҳили обҳо истироҳат мекарданд, варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.  

барчасп: